«Маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд.
Ҳамин тариқ, дар иҷлосия аз як тараф фароҳам овардани шароит барои асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, аз тарафи дигар риояи принсипҳо ва талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ чун ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон шуданд.
Дар ин иҷлосия давлати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки ҷонибдори роҳи қонунии инкишофи минбаъдаи ҷомеа, арзишҳои волои ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дар асоси принсипҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад».
Иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон