Бунёди мактаби нав мушкили хонандагони деҳаи Хоҷабулбулонро осон намуд

Дар деҳаи Хоҷабулбулони  ҷамоати деҳоти Эсанбои ноҳияи Рӯдакӣ бо маблағгузории Сафорати  Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави муассисаи таълимии   дорои    120 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.

Дар маросими кушодашавии  муассисаи таълимӣ   Сафири фавқулода ва  мухтори  Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока  зикр намуд, ки барои  сохтмони бинои мактаби мазкур   ҳукумати Япония ба маблағи 83 ҳазору 26 доллари ИМА  грант ҷудо  намуда,    ҶДММ «Интегрол» сохтмони онро ба уҳда дошт.

Муассисаи нави таълимиро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ   бо мизу курсӣ,  воситаҳои айёнии таълим ва дигар лавозимоти замонавии мактабӣ  муҷаҳҳаз гардонидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки куҳнаю фарсуда гардидани бинои мактаби рақами №29 –и деҳаи Хоҷабулбулон, ки   солҳои 1953  бе пойдевор сохта шудааст, нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагони мактаби деҳаи мазкурро ба  миён оварда буд. Хушбахтона  бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия   ва кумаки бебозгашти  ҳукумати Япония сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муаассисаи замонавии таълимӣ мушкили хонандагони деҳаи Хоҷабулбулони ноҳияи Рӯдакиро  осон намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: