Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё оғоз кард

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё оғоз кард. 
«Ҳосилот»-и Фархор нахустин дастаи Тоҷикистон аст, ки барои мавсими футболи соли 2017 аз ҳама пеш ба тамринҳо фаро гирифта шуд, зеро «Ҳосилот» барои роҳхат ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО 31 январ вохӯрии аввали худро дар сафар бо чемпиони Афғонистон- «Шоҳин Асмоӣ» барпо мекунад. Бозии ҷавобии дастаҳо дар шаҳри Душанбе 7 феврал доир хоҳад шуд.
«Ҳоло на ҳамаи бозингароне, ки шарафи дастаи моро имсол ҳимоя мекунанд, ба даста ҳозир шудаанд. Танҳо ҳамлагари ганагӣ Агблей Ҷонес, ки соли гузашта дар ҳайати дастаи «Хайр» бозӣ кардааст ва Бахтиёр Қаландаров аз тими «Вахш» ба мо ҳамроҳ шудаанд»,-афзуд Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.
Роҳбарияти клуби футболи «Ҳосилот» барои пурқувват кардани даста гуфтушуниди худро бо як гурӯҳ бозингарон идома медиҳад. Даста дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар бозиҳои плей-офф ғолиб омада, ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шавад.
Ёдрас мешавем, ки «Ҳосилот» дар сурати ғалаба бар чемпиони Афғонистон -«Шоҳин Асмоӣ» дар бозии дуюм бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Балкан»-и Туркманистон ва «Дордой»-и Қирғизистон вориди рақобат мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: