Дар Дубай тавсеаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва АМА баррасӣ гардид

Дар Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо Мудири иҷроияи Департаменти сайёҳӣ ва тиҷорати бозаргонии Дубай Иссам Казим мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, тақвияти тамоси пайвастаи мақомоти соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва АМА, инчунин роҳандозии мушорикат миёни ширкатҳои сайёҳии тоҷикистонӣ ва аморотӣ, гузаштани курси такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддати мутахассисони соҳаи сайёҳии кишвар дар АМА ва нахустин иштироки Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи “Arabian Travel Market”, ки қарор аст моҳи майи соли 2022 дар Дубай доир гардад, таъкид намуданд.

Ба Иссам Казим маълумоти муфассал оид ба низоми бераводидӣ, имтиёзу дастгириҳо барои сармоягузорони хориҷӣ, тадбирҳо, нақшаву барномаҳои соҳавӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ амалӣ шуда истодаанд, ироа гардид.

Дар фарҷоми мулоқот омодагӣ баҳри тавсеаи ҳамкорӣ бо мақсади ҷалби бештари мутақобилаи сайёҳон баён карда шуд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчунин бо роҳбари Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Муҳаммад Комил Алмуайнӣ мулоқот намуд.

Мавсуф таассуроти хешро аз кишвари мо, аз ҷумла аз таҷлили бошукӯҳи Иди Наврӯз, ки соли сипаришуда иштирок намуда буд, баён кард.

Дар мулоқот ҳамчунин имконияти тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштироки доираҳои сайёҳию фарҳангии ҳарду кишвар дар чорабиниҳои ҳамдигар иброз гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: