Ба муҳоҷирони экологӣ қарзҳои имтиёзнок ва кумаки яквақтаина дода шуд

Сари вақт дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони дохилию экологӣ дар маркази диққати раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои он қарор дорад.
Тибқи иттилои шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, дар шаҳри Хуҷанд ба оилаҳои муҳоҷирони экологии шаҳр аз ҷониби шуъбаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд қарзҳои имтиёзнок ва кумаки яквақтаина дастрас гардид.
Оилаҳои  муҳоҷирони экологии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт,  Деваштич ва Шаҳристон низ аз имтиёзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, бархӯрдор гаштанд.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: