Масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи судманд байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Рушди АвруОсиё зимни мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва сариқтисодчӣ, аъзои Раёсати Бонки Рушди АвруОсиё Лисоволик Ярослав мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масоили мубрами рӯз, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои ҳамкории Бонки Рушди АвруОсиё ва Бонки миллии Тоҷикистон дар таҳияи барномаҳои рушди иқтисодӣ, шарҳу таҳлилҳо оид ба самтҳои гуногуни иқтисодиёт, ташкили форум, конфронс ва ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкории сифатан нави судманд омодагии худро баён намуданд.
Инчунин иқтисодчии калон, аъзои Раёсати Бонки Рушди АвруОсиё Лисоволик Ярослав оид ба мақсад, вазифа, ҳайати кормандон, шарҳи нашрҳои охирини гурӯҳ ва самтҳои асосии фаъолияти Бонки Рушди АвруОсиё маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, аз тавсеа ёфтани ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳамкорӣ дар таҳияи моделҳои макроиқтисодӣ бо мақсади тақвият бахшидани татбиқи сиёсати босамари монетарӣ дар реҷаи нави монетарӣ – ҳадафгирии таваррумӣ, таҳияи моделҳо дар самти ҳадафгирии таваррумӣ, таҳияи моделҳо оид ба омода намудани дурнамои таваррумӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таҳияи модели эконометрикии DSGE (Dynamic Stochastic General Equilibrium) таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти таҳияи моделҳо оид ба дурнамои таваррумӣ, ҳадафгирии таваррумӣ ва самтҳои барои иқтисодиёти Тоҷикистон афзалиятнок ибрози андеша намуда, ҳарду ҷониб омодагии хешро баён намуданд.
АМИТ "Ховар"