Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017», ки дар пойтахти Россия баргузор гардид, соҳиби ду медали тилло ва нуқра гардиданд. Дар бахши «Бастубанд ва беҳтарин сифат» миёни қариб 900 иштирокчӣ аз 16 кишвари ҷаҳон оби маъдании «Ҳавотоғ -1 Докторская» ва оби «Шаффоф» бо медали тилло ва дар номгӯи «Беҳтарин маҳсулоти сол оид ба сифат ва ороиши аслӣ» зарфи шишагини нӯшокии «Лимонад» ва оби «Шаффоф»-и ширкати «Euro Asia 2005» соҳиби медали нуқра гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 ширкати истеҳсолӣ намояндагӣ карда, маҳсулоти тавлидотии худро зери тамғаи «Made in Tajikistan» ба намоиш гузоштанд. Дар доираи намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бо ҳамтоёни худ аз Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ иртибот барқарор намоянд, то дар оянда ҳамкориро тақвият бахшида, барои интиқоли маҳсулоти хушсифтаи табиии «Made in Tajikistan» замина гузоранд.
Мавриди зикр аст, ки иштироки намояндагони ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Food Moscow-2017» дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Пешбурди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Финляндия маблағгузорӣ мегардад, сурат гирифт.
АМИТ "Ховар"