Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2017 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ қабул карда шуд.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
АМИТ "Ховар"