Имрӯз дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтозро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масъалаҳои вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Судон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Барпо намудани робитаҳои мустаҳками дуҷониба бо кишварҳои арабии қитъаи Африқо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад”,-таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки мо омодаем ҳамкориро бо Ҷумҳурии Судон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба сатҳи сифатан нав барорем.
Ҷонибҳо баҳри таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратию сармоягузорӣ омодагии худро иброз доштанд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дарёфти роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои кишварҳои ҷангзадаи олам мавриди баррасӣ қарор дода шуд.