Сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон се рӯз -9, 10 ва 11 сентябр истироҳат мекунанд.
Зимни суҳбат муовини аввали раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода гуфт, ки тибқи моддаи 89-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад. Соли равон рӯзи таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- 9 сентябр ба рӯзи шанбе, ки рӯзи истироҳат аст, рост омад. Аз ин рӯ, рӯзи душанбе, 11 сентябр барои сокинони кишварамон рӯзи истироҳат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол муқаддам -9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва ҳамчун кишвари мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон зуҳур намуд.
АМИТ "Ховар"