Чанд дақиқа пеш дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар дастаи мунтахаби футболи Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистониттилоъ доданд, бозии гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Непал дар шаҳри Катманду баргузор шуд.
Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз кард. Баъди панҷ дақиқа голи дуюми меҳмононро Дилшод Восиев ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 51-ум, зарбаи бозингари мизбонон Бимал Ғартӣ Магар ба ҳадаф расид.
Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқа бо се имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. Дастаи Непал бо як имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба дастаи мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи «F» 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад, ки мизбонии онро дастаи мунтахаби Яман бар уҳда дошт, барпо гардид.
Футболбозони тоҷик дар бозии дуюмашон, ки 13 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда буданд.
АМИТ "Ховар"