Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади расидан ба ҳадафҳои созанда, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии пойтахт иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, минбаъд сокинони пойтахт метавонанд тамоми камбудиву нуқсонҳоеро, ки дар пеши назари онҳо ба вуқӯъ меоянд ва ё вуҷуд доранд, тавассути телефони мобилӣ сурат гирифта, ё бо дигар воситаҳо навор бардошта, ҷиҳати сари вақт бартараф кардани онҳо ба суроғаи почтаи электронии раиси шаҳри Душанбе- Dushanbe80@yahoo.com ирсол намоянд.
Муаллифон метавонанд, ки дар сатри мавзӯъ маҳалли содиршавиии ҳуқуқвайрокунӣ ё камбудии ҷойдоштаро гузошта, сипас навор ё акси гирифтаашонро тавассути замима ба мавзӯъ ба суроғаи мазкур ирсол намоянд.
Инчунин онҳо метавонанд тариқи шабакаҳои Vaiber ё Whats App бо рақами 985 -95-22-22 навор ё акси гирифтаашонро ирсол намоянд.
Тибқи иттилои манбаъ, махфияти муаллифони навор ва аксҳои ба суроғаи Раиси шаҳр ва телефони мазкур ирсолгардида кафолат дода мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки ду моҳ мешавад дар барномаи иттилотии «Вақт» -и Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» низ бахши «Хабарнигори ҷамъиятӣ» фаъолият дорад. Сокинони пойтахт метавонанд тамоми камбудиву нуқсонҳоеро, ки дар пеши назари онҳо ба вуқӯъ меояд ва ё вуҷуд доранд, тавассути телефони мобилӣ ё дигар воситаҳо навор бардошта, тариқи Vaiber бо телефони 904-05-21-00 ба бахши мазкур ирсол намоянд.
Тавре сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Душанбе» Парвизи Зубайдулло зикр кард, «агар рӯзҳои аввали фаъолияти бахши мазкур ҳафтае ду-се навор аз ҷониби муаллифон- шоҳидони бевоситаи акс ё навори дорои камбудиву нуқсонҳо ворид мегардид, вақтҳои охир қариб ҳар рӯз мо чунин наворҳоро дастрас ва пахш менамоем».
«Ин иқдом бо мақсади густариши робитаи мустақим бо сокинон ва тамошобинони «Телевизиони Душанбе» ва ба ин васила, мусоидат дар рафъи камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта дар пойтахт роҳандозӣ гардидааст. Зеро тамошобинони зиёде ба мо мактуб навишта, хоҳиш мекарданд, ки дар ҳалли ин ё он масъалаи хоҷагидории шаҳр ба онҳо кумак расонем. Аз пайи ҳар мактуб рафтану онро пайгирӣ намудан вақти зиёдро талаб намуда, ташвишҳои дигарро барои кормандони мо эҷод мекард. Бахши «Хабарнигори ҷамъиятӣ» ин мушкили моро осон намуд»,- гуфт Парвизи Зубайдулло.
Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки баъди пахши ҳар аксу навори ба бахши мазкур воридгардида, масъулин вокуниш нишон дода, камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро ислоҳ менамоянд.
Рухсораи НУР
АМИТ «Ховар»