1 сентбяри соли 2017 дар қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии котиботи СҲШ иттилоъ додааст (www.sectsco.org).
Барномаи Рӯзи фарҳангии Тоҷикистонро масъулин ва ташкилкунандагон ғайримуқаррарӣ, бо сабки хоси эҷодӣ омода намуданд. Мундариҷаи чорабинии фарҳангӣ пурғановат, рангоранг, самимӣ ва фаромӯшнашаванда буд.
Меҳмонони даъватшударо муҷассамаи хобидаи Буддо бо «табассуми пурасрор» пешвоз мегирифт. Албатта, на худи Буддо, балки расми муҷассамаи 13 метра, ки бузургтарин муҷассамаи худоҳои осмонӣ буда, аз гил офарида шудааст ва номи «Буддо дар ҳолати нирвана»-ро (тарҷумаи калимаи нирвана қаноати комил ва парҳези мутлақо аз олами берунӣ мебошад), гирифтааст.
Баробари ворид шудан ба саҳни қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай меҳмонон ба оғӯши таърихи бойю қадим ва фарҳанги асили тоҷикона меафтиданд. Чунончӣ, меҳмонон метавонистанд бо «аспони даванди бохтарӣ» дар «фойтуни заррин» аз коллексияи дар ҷаҳон машҳур бо номи «Ганҷинаи Амударё», ки онро ғоратгарон рабуда, то ба Аврупо бурданд ва ҳоло ин хазина бо номи «Окс» дар осорхонаи Британия нигоҳ дошта мешавад, саёҳат кунанд ва ё зин ба аспи дӯстдоштаи Искандари Мақдунӣ (тамсилаи бузурги онро ҳайкалтароши машҳури Чин Жэн Ҷе тайёр кардааст) зананд ва ё ин ки дар ҳошияи аспҳои зебову саманд, ки дар шаъшаъаи наълашон оташи рӯҳафзо нақшкорӣ шудааст, аксбардорӣ бикунанд. Ҳамчунин меҳмонон имкон доштанд, ки дар «ҷамъоварии ҳосили ангури хуршедӣ» иштирок кунанд. Зимнан, токзори ангур мисли «долони экологии сабз» дар қисмати шарқии қароргоҳи СҲШ доман паҳн карда буд ва одамонро ба сӯи худ мекашид. Ҳар шахси хоҳишманд метавонист маззаи фараҳбахши донаҳои қаҳваранги ин меваи ширини ҳар донааш пур аз бахту муҳаббатро бевосита чашад.
«Беҳтарин анъанаҳои неки лоиҳаи «Созмони Ҳамкории Шанхай – хонаи ҳамаи мо»-ро идома дода, мо шод ҳастем, ки шуморо дар қароргоҳи СҲШ хушомадед мегӯем», — изҳор кард Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов зимни сухани ифтитоҳӣ. «Мо ҳамагӣ ба саёҳати ҳайратафзун ба кишвари қуллаҳои осмонбӯс, водиҳои гулпӯш ва қалбҳои пур аз муҳаббат меравем», — таъкид кард Р.Олимов.
Аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ин рӯзҳо бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доранд, Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон меҳмононро хайра мақдам гуфт. Н. Ҳикматуллозода зикр кард, ки «баргузор намудани Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар идораи марказии СҲШ барои рушди ҳамаҷонибаи муколамаи тамаддунҳо ва таҳкими ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни мардумони «Оилаи СҲШ» мусоидат мекунад. Имрӯз Тоҷикистон фақат як ҷузъеро аз фарҳанг, санъат ва анъанаҳои пурғановату нодири худ ба шумо пешниҳод мекунад. Умед дорам, ки ҳар як меҳмон, чанд лаҳза ҳам, ки бошад, худро дар ҳавои меҳмоннавози Тоҷикистон эҳсос мекунад», — изҳор кард Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.
Син Чи, муовини якуми раиси Ҷамъияти дӯстии Чин бо кишварҳои хориҷӣ зимни сухани табрикӣ гуфт: «Чин ва Тоҷикистон, ки ҳамсояҳои наздик ва нек ҳастанд, нисбат ба ҳамдигар эътимоди қавӣ дар сатҳи олӣ доранд. Маҳфили идонаи имрӯза шаҳодати ин дӯстӣ мебошад ва мо хеле шодем, ки дар ташкил кардани ин барномаи оммавӣ – Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон саҳми худро гузоштем».
Намоиши суратҳои рассомони шинохтаи тоҷик Суҳроб Қурбонов, Юсуф Сангов, Фаридун Неъматзода ва дигарон дар толори қароргоҳи СҲШ ҷавонмардӣ, шарофат, фасоҳат ва нексириштии миллати тоҷик, зебоиҳои табиати кишвари куҳанбунёди кӯҳсорро инъикос мекарданд. Рассоми шинохтаи Чин бону Ян Ян, ки инак ду даҳсола боз эҷодиёти худро ба тоҷиконе, ки дар марзи Чин ва Тоҷикистон иқомат мекунанд, мебахшад, бо ҳамкасбони тоҷики худ ҳамроҳ шуда, якчанд намунаи эҷодиёти қалами худро ба тамошои меҳмонон гузошт. Силсиласуратҳои меваҳои тару тозаи Тоҷикистон саёҳати меҳмононро ба кишвари офтобӣ боз ҳам пурҷило гардонид.
Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон ба меҳмонон имконият фароҳам овард, ки маззаи хоси хӯрокҳои тоҷикиро, ки бо маҳорати баланди таббохон пешкаш шуда буданд, бичашанд ва бо анвои таомҳои миллӣ шинос шаванд.
Барномаи консертии устодони санъати Тоҷикистон дар иҷрои ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» таҳти роҳбарии Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон Дилором Сатторова, навозандагони ҳунарманд Соибназар Аловатов ва Фирдавс Ҳошимов, доирабадаст Хайрулло Додобоев ҳамчун гулдастаи зебо дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда ба меҳмон тақдим карда шуд.
Зебоиҳои либоси миллиро нозанинони атласпӯш зимни муаррифии барномавии либоси муд муаррифӣ карданд.
Барои аксар меҳмонон ин рӯз на танҳо фарҳанги бой ва пурғановати Тоҷикистонро намоиш дод, балки онҳо тарҳи нави қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки он муваққатан ба ҳавлии тоҷикӣ мубаддал гардида буд, аз наздик диданд.
Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон ба санаи таърихӣ – 25-умин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Чин бахшида шуда, идомаи силсилачорабиниҳои кишварҳои аъзои СҲШ таҳти шиори «Созмони Ҳамкории Шанхай – хонаи ҳамаи мо» мебошад.
Дар Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон зиёда аз 300 нафар меҳмонон ҷамъ омаданд, ки дар қатори онҳо сафирон ва намояндагони ҳайатҳои дипломатии дар Пекин қарордошта, сиёсатмадорони шинохтаи Чин, ходимони фарҳанг, фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯён аз ин кишвар буданд.
Баргузории Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби ВАО-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар расонаҳои хориҷӣ ба таври васеъ инъикос карда шуд.
Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин доир гардид.
АМИТ "Ховар"