Ҳудуди 40 ширкати тавлидотии ватанӣ ва корхонаҳои мушатарак маҳсулоти худро дар чорумин намоишгоҳи миллии «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон -2017», ки рӯзҳои 4, 5 ва 6 май дар «Кохи Борбад»-и Душанбе ташкил карда мешавад, ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Тайрон» аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошанд. Муаррифии молҳои тавлидоти ватанӣ ва рушди бахши соҳибкорӣ дар кишвар аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳ аст. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои ватанӣ ва корхонаҳои муштарак молу маҳсулоти худро дар бахшҳои хизматрасонӣ, сохтмон, хӯрокӣ, молҳои нассоҷӣ ва дигар маҳсулотҳоро бо нархи нисбатан арзон пешкаши муштариён хоҳанд мегардоананд.
АМИТ "Ховар"