Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Подшоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария, аз ҷумла, омадааст:

«Аълоҳазрат,

Дар иртибот ба марҳалаи муҳимми таърихӣ дар муносиботи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия – 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ – бо камоли хушӣ ба Шумо, Аълоҳазрат, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ирсол менамоям.

Шоҳигарии Белгия дар байни давлатҳои аврупоӣ яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва кишварҳои мо ба таҳкиму густариши равобити сифатан нави байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Белгия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ бемайлон рушд намуданд.

Дар дурнамои наздик ва дарозмӯҳлат густариши минбаъдаи муносибатҳо бо Шоҳигарии Белгия ба сифати яке аз кишварҳои поягузор ва муҳимми Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад.

Ба Шумо Аълоҳазрат, саломатии комилу хушрӯзӣ ва дар роҳи таъмини пешрафт ва шукуфоии мардуми дӯсти Белгия комёбиҳои рӯзафзун орзумандам».

Дар барқияи табрикии Подшоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хушҳолам, ки мо дар соли 2017 25-уми солгарди барпо намудани равобити дипломатиро байни Белгия ва Тоҷикистон таҷлил менамоем.

Тӯли ин муддат кишварҳои мо тавонистанд ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф рушду нумӯъ дода, риштаҳоеро, ки моро ба ҳам мепайванданд ва тафоҳуми мутақобилан ва доимо ғанишавандаи моро мустаҳкамтар менамоянд, тақвият бахшанд.

Мехостам бо истифода аз ин рӯйдоди фараҳангез бори дигар ба мардуми Тоҷикистон беҳтарин таманниёти хешро бо орзумандии сулҳу шукуфоӣ тақдим намоям».