Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба фарорасии биступанҷумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия сарфарозам ба Шумо табрикоту муборакбодии самимонаи хешро ирсол дорам.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар чандин арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рӯ ба густариши бемайлон ниҳода, муносибатҳои байнидавлатии мо бо такя ба усулҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ба ҳамдигар ва эҳтироми мутақобила ба сатҳи назаррас расидаанд.
Мо ба ояндаи неки робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Австрия итминон дорем ва изҳори умедворӣ менамоем, ки ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар минбаъда низ идомаи босамар хоҳанд ёфт.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Австрия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».