Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Монголия Тсахиагийн Элбегдорж барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Монголия сидқан табрику таҳният мегӯям.
Мо аз он қаноатмандем, ки тайи ин давра бар асари саъю талошҳои муштарак миёни кишварҳои мо чӣ дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чӣ дар сатҳои ҳамёрии бисёрҷониба муносибатҳои гуногунҷанбаи нек ташаккул ёфтаанд, ки фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила хоси онҳо мебошад.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки равобити ҳасанаи ду кишвари дӯст дар оянда низ ба манфиати мардумонамон бо суръати бештар рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳативу комёбиҳои нав ба нав ва ба кишвари дӯсти Монголия – сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».