Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт- 15 апрел силсилабарномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардониро доир менамоянд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 8 то 15 апрели соли равон мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ- до, гӯштини миллӣ, машқҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонии пагоҳирӯзӣ, вохӯриҳои рафиқона дар толор ва майдончаҳои варзишӣ аз намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот ва шашка, велосипедронӣ, бокс, таэкван-до, каратэ-до, бадминтон баргузор карда мешаванд.
Ҳамчунин 15 апрел дар «Боғи Ирам»-и пойтахт озмуни мусаввирони ҷавон таҳти унвони «Пойтахт хонаи умеди тоҷикон», мусобиқаи оммавӣ- варзишии шоҳмот ва шашка, барномаи фарҳангӣ, намоиши маҳсулоти дастӣ ва озмуни оммавии кӯдакон «Расм дар рӯи мумфарш» баргузор мегардад.
15 апрел дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр баҳри болидахотирии сокинон ва меҳмонони пойтахт бо иштироки гурӯҳи ҷавонон навозиши асбобҳои гуногуни мусиқӣ роҳандозӣ мешаванд.
АМИТ "Ховар"