Бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ номи як қатор корхонаву муассисаҳои шаҳр иваз гардиданд

Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 9 октябри соли 2008, №523-1, аз 10 марти соли 2009, №120, аз 19 августи соли 2010, №501, аз 9 декабри соли 2010, №658-10, аз 11 январи соли 2011, №9 аз 22 марти соли 2011, №170, аз 28 ноябри соли 2005, №473, аз 5 июли соли 2006, №312, аз 12 марти соли 2015, №154-1, аз 28 марти соли 2012, №133» ба тасвиб расиданд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарорҳои мазкур як қатор корхонаву муассисаҳои шаҳри Душанбе табдили ном карданд. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» ба «Маркази ҷавонон», Корхонаи воҳиди давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ» ба Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ба Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун», Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Меҳргон» ва Муассисаи давлатии «Боғи Пойтахт» ба Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» иваз гардиданд.

​АМИТ "Ховар"