Дар пойтахт озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

Бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорони масъулиятшинос, фароҳам овардани шароит барои ба вуҷуд овардани ҳавасмандии онҳо ба беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, ба вуҷуд овардани рақобатнокии бештар дар ин намуди бозори хизматрасонӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллии меҳмоннавозӣ ва инкишофи ҳунари пухтупази навъҳои гуногуни хӯрокҳои милливу ғайримиллӣ дар  пойтахт  озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.

Дар ин бора аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  даври якуми озмун 15 феврали соли 2018 бо инобати қадрдонӣ бо туҳфаҳои арзишманд ҷамъбаст гардида, рӯйхати ғолибон  барои оғози даври дуюм ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод  мегардад.

АМИТ "Ховар"