Баррасии алоқамандии математика бо иқтисодиёт

barrasii-alokamandii-matema.jpg«Нақши математика дар рушди иқтисодиёти муосир» -таҳти чунин унвон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) конференсияи илмию амалӣ доир шуд, ки дар он алоқамандии математика бо иқтисодиёт мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифт.
Тавре аз донишкада хабар доданд, муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос овард: «Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад». Мавсуф ин таъкиди Пешвои миллатро воқеӣ ва бамаврид хонд.
Ба андешаи мавсуф, яке аз масъалаҳои марказии ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён дар ҷараёни таълим ҳамаҷониба истифода бурдани алоқамандии байни фанҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Ин аз як тараф, барои баланд бардоштани дараҷаи илмӣ ва донишҳои назариявии хонандагон ва донишҷӯён мусоидат намояд, аз тарафи дигар, ба рушди имкониятҳои инкишофдиҳанда ва тарбиявии низоми фанҳои таълимӣ ёрӣ мерасонад.
Ғ. Ашуров дар идома алоқамандии байни фанҳои метематикаю иқтисодиётро шарҳ дода, иброз намуд, ки математика дар роҳи ҳалли масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти муосир саҳми калон дорад.  Методҳои математикӣ кайҳо боз дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиёт нақши худро гузоштаанд.

Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"

Tags: