Имрӯз сарзамини Тоҷикистони биҳиштосо ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай қабои идона ба бар намудааст. Дар минтақаҳои гуногуни кишварамон — Суғду Хатлон, Рашту Бадахшон ва Ҳисори Шодмон ҷашни Наврӯзи фархунда дар сатҳи баланд бо баргузории оинҳои наврӯзӣ хушу наку истиқбол мегардад. Мардум бо чеҳраи болида, қалби саршор аз меҳру муҳаббат ва орзуҳои нек вориди базмгоҳи наврӯзӣ гардида, ба ҳамдигар пайғоми наврӯзӣ мерасонанд.
Хусусан ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишвар -шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Аз субҳи содиқ аз нуқтаи баландтарини пойтахт корвонҳои наврӯзӣ таҳти навои карнаю сурнай ба базмгоҳҳои асосии наврӯзӣ ҳаракат намуда, аз омадани Наврӯзи дилафрӯз мужда расониданд. Яке аз корвонҳои наврӯзӣ дар «Майдони 800-солагии Москва» таваққуф намуд, ки дар ин ҷо сокинони ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ба истиқболи Наврӯзи некқадам омодагӣ медиданд. Саҳни майдон шукӯҳу шаҳомати наврӯзӣ касб намуда, аз субҳ навои форами мусиқии наврӯзӣ ба фазо танинандоз буд. Кормандони касбҳои гуногун, сокинони ноҳияи Шоҳмансур хусусан бонувону гулддухтарон дар як гӯшаи саҳни майдон хони наврӯзӣ ороста, дар гирди деги суманак, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, зери садои чангу чағона сурудхонон мерақсиданд, ошпазҳои моҳир ба омода намудани таомҳои миллӣ машғул буданд, мутрибону овозхонҳои хушсалиқа дар васфи баҳору Наврӯз мусиқӣ ва тарона месароиданд, ҳунармандон дастранҷи худро ба маърази намоиш гузошта буданд. Атрофи фаввораҳои майдон бо сабзаю суманак, гулу ниҳолҳо зебу оро дода шуда, аз хуррамию сарсабзӣ ва пайки Наврӯз пайғом мерасонданд. Дар маҷмӯъ, новобаста ба боронӣ будани ҳаво сокинони ноҳияи Шоҳмансур ва меҳмонони пойтахт ба сайругашти идона ба истиқболи Наврӯзӣ некқадам баромада буданд.
Таҷлили пуршукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саросари Тоҷикистон, бахусус дар пойтахти он шаҳри Душанбе далели он аст, ки Тоҷикистон воқеан ватани Наврӯз аст, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аст, ки дар ҷаҳонишавии он нақши муассир гузоштааст. Мавриди зикр аст, ки соли 2009 муассисаи илмию фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид -ЮНЕСКО бо пешниҳоди кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид намуд.
Дар ин росто моҳи феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул гардид, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва ҳамасола 21 март таҷлил мегардад. Ҷашни бостонии Наврӯз, ки таърихи 6-ҳазорсола дорад, муаррихон зуҳури онро ба давраи шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Ҷашни Наврӯз, ки онро аз қадим мардумони эронинажод таҷлил мекарданд, алҳол дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон дар сатҳи баланд истиқбол гирифта мешавад. Хусусан Наврӯз дар кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Россия, Чин, Туркия, Покистон, Курдистони Ироқ, Ҳинд, Албания ва дар он давлатҳое, ки мардумони ҳавзаи Наврӯз кору зиндагӣ мекунанд, таҷлил мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
АМИТ "Ховар"