Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бахшида ба доир гаштани барномаҳои наврӯзӣ, имрӯз 21 март аз соати 06:30 то 07:30 ва аз 13:30 то 14:30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шероз аз кӯчаи Ҷ.Икромӣ то хиёбони Сомонӣ, аз хиёбони Рудакӣ то хиёбони Сино, кӯчаҳои А.Навоӣ, Карамов, роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода то ҳудуди шаҳри Турсунзода маҳдуд карда мешавад.
Ҳамчунин аз соати 17:00 то 21:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯчаи Карамов маҳдуд карда мешавад.
Аз ин хотир Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бе зарурат аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ карда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода намоянд.
АМИТ "Ховар"