Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Қасри ҷавонони шаҳри Кӯлоб миёни ҷавондухтарон озмуни минтақавии «Ҳусноро» баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, мақсади озмун тарғиби арзишҳои миллӣ, маърифати оиладорӣ, рӯ овардан ба амалҳои созандагӣ ва инчунин баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавондухтарон маҳсуб шуда, он дар доираи Соли ҷавонон амалӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи масъулин, шартҳои озмун аз қироати шеър, намоиши либосҳои миллӣ, парпечи тифл ва ороиши мӯю чеҳра иборат буд. Ҷавондухтарони ҳамаи шаҳру навоҳии минтақа дар он фаъолона иштирок карданд.
Гурӯҳи доварон намояндаи шаҳри Кӯлоб Розия Саидоваро ғолиби озмун дониста, намояндаи ноҳияи Фархор Сарвиноз Алиеваро муносиби ҷойи дуюм ва Сабоҳат Холматоваро аз ноҳияи Муъминобод лоиқи ҷойи сеюм шуморида, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"