Дар Малайзия маросими ботантанаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре ки сафир иттилоъ дод, таҷлили иди наврӯзӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ситӣ гузаронида шуд. Инчунин зикр намуд, ки дар маросими ботантанаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки муқими Малайзия ҳастанд, ширкат намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби Сафорат гӯшаи фарҳангӣ бо намунаи осори ҳунарии аҷдодӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон, намунаи чакан, сангҳои маҳаллӣ, асбобҳои мусиқии тоҷикӣ ва нақшу нигори қадимӣ ба намоиш гузошта шуданд.
АМИТ "Ховар"