Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти Маҷлиси намояндагон гузориш медиҳад

Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар охирин ҷаласаи иҷлосияи дуюми палатаи поёнии Парлумони кишвар, даъвати панҷум  дар назди вакилон аз фаъолияти ин мақоми олии қонунгузории кишвар гузориш медиҳад.
Интизор меравад, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ҳамзамон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Қирғизистон  оид ба тартиби  содда гирифтани шаҳрвандии ҳар ду кишварро  бекор намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: