Намоиши маҳсулоти Тоҷикистон дар Маскав

Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар 24-умин намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти хӯрокӣ, нӯшокӣ ва масолеҳи истеҳсолии «Продэкспо-2017»  дар шаҳри Маскав ифтитоҳ гардид, ширкат варзидаанд.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар намоишгоҳи «Продэкспо-2017» (намоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ) корхонаҳои узви Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон-ҶММ «Нурфуд», «Оро Исфара», «Зардолу ва К», «Евроазия-2005», «Сахо ва К», «Роҳи Сомон», «Тавҳид ва К» иштирок намудаанд. Гуфта мешавад, роҳбарии Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистонро Фирдавс Шарифзода, директори генералии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба уҳда дорад.
Сарчашма меафзояд, ки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоиш ба таври васеъ меваҳои хушки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва табииро пешниҳод кардаанд: “Дар раванди намоиш миёни истеҳсолкунандагони тоҷик бо шариконашон гуфтушунид ҷиҳати ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ дар мавриди таъмин ва расонидани мол баррасӣ мегардад».

Tags: