Дар 28-умин Универсиадаи зимистона, ки бо ширкати беш аз 2000 варзишгар дар шаҳри Алма-атои Қазоқистон ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик низ рақобат карда истодаанд.
Се нафар варзишгарони тоҷик Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Дониёр Каримов 4 феврал дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ миёни мардон, ки дар осоишгоҳи лижаронии кӯҳии Шимбулак баргузор шуд, аз рӯи гигант слалом (GS) ё слаломи бузург қувваозмоӣ карданд. Соҳибназари Турсунмурод дар даври аввал бо натиҷаи 1:26.88 ҷойи 74-умро соҳиб шуд. Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи 1:34.33 ҷойи 76-умро гирифт. Вале Дониёр Каримов ба марра нарасид.
Дар ин навъи рақобатҳо лижарони Швейтсария Ҷоел Мюллер бо натиҷаи 1:04.60 мақоми аввалро касб кард. Ҷулио Ҷиованнӣ Боска аз Итолиё бо натиҷаи 1:04.95 ва Кедрик Ногер аз Швейтсария бо натиҷаи 1:05.06 мақомҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд.
Дар даври дуюм Соҳибназари Турсунмурод бо натиҷаи 1:32.59 ҷойи 65-ум ва Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи 1:32.92 мақоми 66-умро ба даст оварданд. Ин маротиба низ Дониёр Каримов ба марра нарасид. Ба ҳамин тартиб, аз рӯи натиҷагирии ду даври мусобиқа Ҷулио Ҷиованнӣ Боска бо натиҷаи 2:12.77 ҷойи аввал, Ҷоел Мюллер (2:12.99) ҷойи дуюм ва Кедрик Ногер (2:13.39) ҷойи сеюмро аз они худ карданд.
Соҳибназари Турсунмурод бо натиҷаи умумии 2:59.47 дар ҷойи 65-ум ва Сайфиддини Низомиддин (3:07.25) дар ҷойи 66-ум қарор гирифтанд. Варзишгарони тоҷик боз дар як навъи лижаронии кӯҳӣ — слалом миёни мардон, ки рӯзи 7 феврал барпо мегардад, ширкат меварзанд.