Дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар варзишгарони тоҷик иштирок мекунанд

5 октябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир мегардад.

Масъулини  шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд баргузор намудани  панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо варзишгоҳи навбунёди шаҳр ва толорҳои варзишии онро омода намуда,  атрофи варзишгоҳро бо шиору овезаҳои таблиғотӣ оро додаанд.

Ба  иттилои директори Мактаби  варзишии шаҳри Ваҳдат  Холмаҳмад Толибов, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 20 нафар  варзишгарони номдори ҷумҳурӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Ба иттилои мавсуф, дар назар аст, ки дар ин мусобиқа устодони  варзиши дараҷаи байналмилалӣ Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов иштирок намоянд. Ҳамчунин аз шаҳри Ваҳдат паҳлавонон Хусрав Аламов,  Садам Яқубов ва Эраҷ Ҷонмаҳмадов  дар мусобиқа ширкат мекунанд.

Ба иттилои мутахассисони Федератсияи дзюдои мамлакат, имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо  варзишгарон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон,Ҷопон, Амрико, Куба, Непал, Беларус, Русия, Италия, Мисри араб, Украина, Озарбойҷон, Муғулистон, Гурҷистон, Арманистон, Сингапур, Германия, Шриланка,  Латвия, Қатар, Фаластин, Иордания, Сирия ва Арабистони Саудӣ ширкат варзида, дар   вазни 90 кг рақобат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз соли 2013 инҷониб дар ҷумҳурӣ доир мешавад. Се мусобиқаи аввали он дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Имсол бори дуюм аст, ки дар шаҳри Ваҳдат чунин мусобиқа баргузор мегардад.

Ҷоизаи  Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»   15 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил намуда, барои  ҷои аввал 7 ҳазор доллар, зинаи дуюм 4 ҳазор ва барои 3 ҷои сеюм  2 ҳазор доллари ИМА мукофот муайян карда шудааст.

АМИТ "Ховар"