Туркманистон тасмим гирифтааст, ки моҳи апрел дар Душанбе ярмарка — намоишгоҳи молҳои нассоҷиро баргузор намояд. Чорӣ Атаев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки намоишгоҳи мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар баргузор гардида, интизор меравад, ки дар намоишгоҳ беҳтарин маҳсулоти саноати нассоҷии Туркманистон, ки дар бозори байналмилалӣ аз ҷойгоҳи хос бархӯрдор аст, ба намоиш ва фурӯш гузошта шаванд.
Ҳамзамон дипломати туркман иттилоъ дод, ки дар оянда дар Тоҷикистон ифтитоҳи Маркази махсусгардонидашудаи тиҷоратӣ аз ҷониби Туркманистон дар назар аст, ки дар он асосан молҳои истеҳсоли ин кишвар, хусусан маҳсулоти нассоҷӣ, ки аз пахта омода карда шудаанд, ба фурӯш гузошта мешаванд. Туркманистон ҳамасола 1 миллион пахта истеҳсол мекунад ва аз лиҳози даромаднокӣ баъди истеҳсоли нафту газ, саноати нассоҷӣ дар ин кишвар зинаи дуюмро касб намудааст. Дар ин росто саноати нассоҷӣ дар Туркманистон яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллии ин кишвар маҳсуб меёбад. Алҳол Туркманистон наздик ба 20 кишвар ҷаҳон, назири Амрико, Россия, Олмон, Швейтсария, Туркия ва дигар давлатҳои дунё маҳсулоти нассоҷӣ содирот менамояд.
Манба: Амит "ХОВАР"