Пагоҳ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маҳфили эҷодии Қудратулло Яҳёзода баргузор мешавад

Пагоҳ, 9 декабр соати 14:00 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов маҳфили эҷодии Қудратулло Яҳёзода доир мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, «дар маҳфил иштироки васеи устодону донишҷӯён ва мухлисони асарҳои бастакори номӣ Қудратулло Яҳёзода, инчунин намоиши барномаи консертӣ, ки аз осори соҳибҷашн иборат аст, дар назар аст».
«Қудратулло Яҳёзода Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ буда, дар олами мусиқӣ осори гуногунҷабҳаи гаронбаҳо дорад. Ӯ соли равон ба синни мубораки 70 қадам ниҳод»,-хабар доданд аз Вазорати фарҳанг.
Ба иттилои манбаъ, барномаи дигари фарҳангӣ бахшида ба солгарди зодрӯзи Қудратулло Яҳёзода 16 декабр соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ доир мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: