Кумитаи Телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи марказӣ
1. Муовини сардори Раёсати иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари Раёсати иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерии - 1 ҷой, маоши мансабӣ– 806 сомонӣ.
3. Сармутахассиси Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1040 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 806 сомонӣ.
5. Сармутахассиси Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1040 сомонӣ.
6. Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 806 сомонӣ.
7. Сармутахассиси Бахши истеҳсолӣ- техникӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1040 сомонӣ.
Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ
1. Сармутахассиси бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 941 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 769 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари бахши назорати барномаҳои Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 769 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (справка- объективка).
Барои ишғоли мансаби муовини сардори Раёсат
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, кўчаи Чапаев 31 (Хонаи Радио),
Телефон барои маълумот 227-65-69. суроғаи электронӣ: info@ktr.tj.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.