5 майи соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда дар фазои созанда ва ҳусни эътимод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо мавзӯи суръат бахшидан ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни ду кишвар ва ҳалли масоили марбут ба ин раванд тавассути пайдо кардани роҳҳои барои ҳарду ҷониб мақбул ва ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайнро таъкид намуданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобил, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкории наздисарҳадӣ таъкид гардид.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назар намуданд.
АМИТ "Ховар"