Дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати тафсири бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва гурӯҳҳои тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми ноҳия роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Муҷун низ чунин мулоқот бо сокинони он доир шуд.
Зимни мулоқот намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат сухан ронда, дар бораи се ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ибрози ақида намуданд.
Ҳамчунин яке аз ҷавонони фаъоли ҷамоати деҳоти Муҷун иброз дошт, ки «эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон моро хеле рӯҳбаланд гардонид. Мо, насли ҷавон тамоми донишҳои муосирро аз худ намуда, ваъда медиҳем Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари пешрафта муаррифӣ намоем».
АМИТ «Ховар»