Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ифтитоҳи биною иншооти нави Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб зикр намуданд, ки: «Ба ташаббускорону соҳибкорон ва сармоягузорони ин иншооти замонавӣ барои чунин иқдоми ватандӯстонаашон, хусусан, ҷиҳати фароҳам овардани 300 ҷойи нави корӣ барои ҳамватанонамон изҳори сипос менамоям».
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд: «Тибқи хулосаи мутахассисон дар сурати таъмин намудани рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меояд, ки саҳми соҳа то соли 2020 дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт 15 фоизро ташкил намояд».