Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ: Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода хоҳад шуд

ДарПаёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси олӣ зикр карда шуд, ки бояд дар 5 соли оянда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 35 фоиз ва зиёдшавии ҳаҷми содироти молу маҳсулоти ватанӣ қариб ду баробар таъмин карда шавад.
«Дар ин давра ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи мустақим ҳамчун самти такондиҳандаи пешрафти иқтисодиёт афзалияти бештар дода, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш дода шавад», — гуфт Сарвари давлат ва таъкид намуд, ки «Тадбирҳои зикршуда бояд ба дарёфти бозорҳои нави содирот, кам кардани воридоти молҳои истеъмолӣ, коҳиш додани осебпазирии кишвар аз таъсири омилҳои беруна имконият фароҳам оварда, рушди бахши воқеии иқтисодиёт ва зиёд шудани даромади буҷети давлатӣ мусоидат намоянд».
Оид ба таъсис додани ҷойҳои нави корӣ изҳор карда шуд, ки: «Бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шаванд».
«Мо мақсад дорем, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем», — омадааст дар Паёми Пешвои миллат.
Пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар шуда, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5 баробар меафзояд. Дар 15 соли оянда саҳми соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода хоҳад шуд.

Tags: