Дар даҳсолаҳои охир давлатҳои Осиёи Марказӣ дар рушди иқтисодӣ ба пешрафти назаррас ноил шудаанд ва дар роҳи таҳкими сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя саҳми муҳим мегузоранд. Дар ин бора зимни ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ Дабири кулли созмон Антониу Гутерриш изҳори назар намуд.
Тавре Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, зимни ҷаласа Дабири кулли СММ зикр намуд, ки Осиёи Марказӣ дар даҳсолаҳои охир дар самти рушди устувор ба пешрафти назаррас ноил гардидааст ва барои далели гуфтаҳояш Ҷумҳурии Тоҷикистонро мисол овард.
«Масалан, дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ ду баробар – аз 81 дарсади соли 2003 то 31 дарсади соли 2015 коҳиш ёфт. Аммо кишварҳои минтақа дар алоҳидагӣ амал карда, иқтидори худро пурра кушода наметавонанд. Ҳеҷ яке аз онҳо ба баҳр дастрасӣ надоранд ва аксарият дар давоми даҳсолаи охир ҳамчун ҷузъҳои аз ҳам вобастаи ягонагии комил рушд кардаанд», — гуфт А. Гутерриш.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 2017 зимни суханронии худ ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «даромади аҳолӣ қариб 30 баробар ва пасандозҳо беш аз 90 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 то 30 фоиз коҳиш ёфт. Ба туфайли интихоби дурусти ҳадафҳои умумимиллӣ ва амалӣ гардонидани стратегияву барномаҳои давлатӣ дар 17 соли охир суръати миёнаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,7 фоиз баробар шуд. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло ин шумора ба беш аз 2000 адад расидааст».
«Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз низ яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои муҳиму стратегии Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»,-таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АМИТ "Ховар"