Дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти таълим дар он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, муассиса дар доираи талаботи ҷории таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Литсейи мазкур аз ҷониби оилаи Зокировҳо дар доираи тадбири Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардида, дар он ҷавонон аз рӯйи хизматрасониҳои гуногуни бахши сайёҳӣ ва туризм соҳиби ихтисос мешаванд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки дар маҷмӯъ дар Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат аз рӯйи 8 ихтисос таълим роҳандозӣ шуда, муассиса имкон дорад, ки 500 нафарро ба омӯзиш фаро гирад.
Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дорои 23 синфхона буда, 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳази дигар низ дар дохили он ташкил шудааст.
Дар озмоишгоҳҳои замонавӣ таълимгирандагон нозукиҳои хизматрасониву оростани дастархон, тарзи омода кардани шириниву дигар анвои хӯрданиро аз бар намуда, барои таҳсилгирандагони системаи компютерӣ ва интернет-технология синфхонаи алоҳида, ки бо компютерҳои ҳозиразамону дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошанд, ташкил гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, дар литсей шаҳрвандон аз рӯйи ихтисосҳои ошпаз, ошпаз — қаннод, роҳбалад, туроператор — турагент, системаи компютерӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер ва дӯзандагӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи соҳибкасб намудани духтарону занони хонашину бешуғл зоҳир гардида, дар ин замина дар муассисаи нав курсҳои кӯтоҳмуддати думоҳа ташкил шудаанд.
Феълан аз ҳисоби нафарони бешуғл панҷ гурӯҳ барои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил гардидааст.
Аснои боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён ҷалб намуда, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт ба омӯзгорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Барои омӯзонидани нозукиҳои касбӣ ба таълимгирандагон 25 нафар омӯзгори ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Иншооти нав дорои китобхона ва маҷлисгоҳ буда, фонди китобхонаи он аз 2300 нусха адабиёти гуногун иборат мебошад.
Муҳлати таҳсил дар Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар заминаи маълумоти миёнаи асосӣ 2 сол ва дар заминаи маълумоти миёнаи пурра 1 солро ташкил дода, ҷараёни таълиму тарбия дар он мутобиқ ба стандартҳои муосири таҳсилот роҳандозӣ гардидааст.
Дар марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар литсейи мазкур хобгоҳ бо 350 кати хоб, майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, ошхона ва боғ дар назар дошта шудааст, ки то соли таҳсили 2022-2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар шаҳри Ваҳдат дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ин иқдом имкон медиҳад, ки минбаъд мутахассисони касбӣ барои расонидани хизмати босифат ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳиву муаррифии имконоти ҷаҳонгардии Тоҷикистон омода карда шаванд.
Президенти мамлакат ҳангоми боздид ва суҳбат ба касбомӯзон маслиҳат доданд, ки имконоти фароҳамшударо самаранок истифода бурда, нозукиҳои касби интихобкардаашонро ҳамаҷониба аз худ намоянд, то дар оянда тавонанд ҳамчун мутахассиси кордон фаъолияти худро роҳандозӣ карда, дар кору пайкори хеш муваффақ гарданд.
АМИТ «Ховар»