Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини соҳаи варзиш ва иштирокчиёни Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ намуд.
Раиси Кумита иброз дошт, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар қатори дигар соҳаҳои муҳим рушд намуда истодааст. «Мо, масъулини соҳа ва варзишгарони мамлакатро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориву ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд бардорем», -таъкид шуд зимни вохӯрӣ.
Ёдовар мешавем, ки аз 4 то 14 августи имсол дар шаҳри Мински кишвари Беларус Бозиҳои дуюми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил аз рӯи 20 намуди варзиш баргузор мегарданд. Дар он 132 нафар варзишгарони Тоҷикистон аз рӯи 13 намуд иштирок ва шарафи варзишии ҷумҳуриро муаррифӣ менамоянд.