Дилшод Назаров, дорандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 4-ум то 13-уми август дар пойтахти Британияи Кабир баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Дилшод Назаров дар арафи ин мусобиқаи бонуфуз дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ» чунин иброз доштааст: «Дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам.»
Тавре сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) иттилоъ додааст, дар Чемпионати ҷаҳон дар Лондон беш аз 2000 варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон барои 47 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Мусобиқаи интихобии гурзандозӣ рӯзи 9-уми август дар ду гурӯҳ баргузор мешавад. Даври ниҳоӣ рӯзи 11-уми август барпо мегардад.
Дилшод Назаров дар Чемпионати гузаштаи ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки соли 2015 дар шаҳри Пекин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, ҷои дуюмро соҳиб шуд ва соҳиби медали нуқра гардид. Натиҷаи нишондодаи Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 78,68 метр мебошад.
Дилшод Назаров моҳи июли соли равон дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардид. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри муқарраршударо иҷро карда, ба ҳаққи иштирок дар Чемпионати дарпешистодаи ҷаҳон мушарраф шавад.