Тоҷикистон ва Корея густариши ҳамкориро дар заминаи барномаҳои гуногун баррасӣ намуданд

26 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Бунёди Корея Гин Ли мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот зарфиятҳои Бунёди Корея барои таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни Корея ва Тоҷикистон тавассути барномаҳои гуногуни табодулӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар заминаи барномаи мубодилаи дипломатҳо, дар соҳаҳои фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма изҳор намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: