Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» иштирок менамояд

Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аввалин Мусобиқаи  «CAFA Futsal Cup-2023» байни дастаҳои миллии футзал баргузор мешавад.  

Бозиҳо аз 23 то 30 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Барои дарёфти унвони пурқувваттарин мунтахаби минтақа,  дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон мубориза мебаранд.

Дар доираи Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор гардида, дар он ҳар як даста бо ҳамдигар як бозигӣ менамоянд.

Мунтахаби ғолиб бо назардошти шумораи холҳо муайян  мешавад.

Барои тими миллии Тоҷикистон ширкат дар Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» марҳилаи омодагӣ ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7 то 11Ба октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Рақибони дастаи мо дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии Осиё мунтахабҳои Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон мебошанд.

Tags: