Роҳпаймоӣ бахшида ба Ваҳдати миллӣ дар Нуробод

убҳи имрӯз дар ноҳияи Нуробод бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки зиёда аз 800 нафар ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия таҳти шиори «Ваҳдат бақои миллат аст»  роҳпаймоӣ баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии мазкур ҷавонон бо шиору овезаҳои ватандӯстонаю пойдории Ваҳдати миллӣ аз роҳи марказии ноҳия гузаштанд. Дар ин рӯз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ ба роҳ монда шуд.
Инчунин баъд аз роҳпаймоӣ маҷлиси тантанавӣ бо иштироки сокинон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ дар назар аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: