Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи олии «Фарҳанг ва саёҳат» дар Чин

Рӯзҳои 8-10-уми декабри соли 2017 дар шаҳри Саняи музофоти Хайнан бо ташаббуси Кумитаи таблиғотии Ҳизби коммунистии Ҳукумати шаҳри Саня ва Кумитаи рушди сайёҳӣ, телевизион ва радиошунавонӣ, матбуот ва варзиши шаҳри Саня ва Раёсати тиҷорати шаҳри Саня дар доираи дуюмин ЭКСПО-и байналмилалии саноати фарҳангӣ-2017 Форуми байналмилалии сатҳи олии «Фарҳанг ва сайёҳат» доир гардид, ки дар он зиёда аз 500 нафар аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар форум аз намояндагони сафоратхонаҳои муқими кишвари иқомат сафирони Тоҷикистон, Арманистон, Руминия ва Юнон даъват шуда буданд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо истифода аз Форуми мазкур бо маърӯзаи пурмуҳтаво ва наворҳои таблиғотӣ сухан гуфта, ба иштироккунандагон ҷазобат ва имкониятҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон, инчунин ҷанбаҳои гуногуни сармоягузории кишварро муаррифӣ намуд.

АМИТ "Ховар"

Tags: