Соли 2019 дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Балҷувон устохонаҳои таъмирӣ мавриди истифода қарор мегиранд

Дар назар аст, ки соли 2019 дар заминаи марказҳои хизматрасонии техникии амалкунандаи ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Балҷувон устохонаҳои таъмирӣ сохта шуда, бо дастгоҳҳо пурра мукаммалу муҷаҳҳаз гардонда шаванд. Дар ин бора директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои номбурда, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 33 ба 60 адад расонида шуд. Айни ҳол ба марказҳои хизматрасонии техникӣ 196 адад техникаҳои гуногунтамға ва 919 адад таҷҳизот ба маблағи  29 млн. сомонӣ вобаста карда шудаанд.

Махсусан марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Восеъ, Вахш, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ, Лахш, Тоҷикобод ва Шаҳристон бо тамоми техникаю таҷҳизоти ватанию хориҷӣ мукаммалу муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар заминаи онҳо устохонаҳои таъмирӣ сохта шудаанд, ки техникаю таҷҳизот дар ин марказҳо пурра таъмир карда шуда,  омодаи кор гардонда мешаванд.

Инчунин зикр гардид, ки КВДҶ «Тоҷикагролизинг» давоми соли 2018 аз корхонаҳои ватанӣ ва давлатҳои истеҳсолкунандаи техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз қабили ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Беларус, Федератсияи Россия, давлатҳои Туркия, Ҳиндустон, Германия ва Чин 217 адад техника ва 560 адад таҷҳизоти кишоварзиро ба маблағи 56,5 млн. сомонӣ харида, ба ҷумҳурӣ ворид намуд.

Tags: