Қисмати дуюми Конфронси дуюми сатҳи баланд таҳти унвони “Пешбурди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор гардид.

ТВТ. 07.06.2022. “Пешбурди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” зери чунин унвон қисми дуюми Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз кард.

Ҷаласаи пленарии “Пешбурди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода ва Муовини Дабири кулли СММ Лю Женмин гузаронида шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал  Об барои рушди устувор 2018-2028  як платформаи  муттаҳидсозӣ ва дарёфти иттилооти зарурӣ оид ба об гардида, механизмеро таҳия хоҳад кард, ки ҳукуматҳо, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон нақшаву ҳадафҳои неки худро тавасути  он амалӣ хоҳанд кард. 

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ташкил гардида, он ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамӯҳлати Даҳсолаи об, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк гузаронида мешавад занҷираи марказӣ хоҳад буд.

Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин доир ба нақши муассири ташабусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи захираҳои обӣ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки тақвияти ҳамкориҳо аз сатҳи маҳаллию миллӣ то сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ аз масъалаҳои асосии баррасишавандаи конфронс дониста шудааст. 

Муаллиф: Зулфия Раҳимзода

Tags: