Дар Душанбе барои тоза кардани роҳҳо аз барф зиёда аз 200 адад техникаҳо фаъолият доранд

Боришоти зиёди барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди пойтахт боиси сар задани мушкилоти зиёд миёни аҳолӣ гардид. Барои бартараф кардани ин мушкилот аз ҷониби масъулини чор ноҳияи шаҳри Душанбе 205 адад техникаҳо барои тоза намудани роҳҳо аз барф сафарбар гардида, бехатарии роҳҳоро таъмин намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

«Дар айни замон барои тоза кардани роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 36 адад, Фирадвасӣ, 47 адад, Шоҳмансур 57 ва Сино 65 адад техникаҳо корбарӣ намуда истодаанд», — иттилоъ дод манбаъ.

Ҳамзамон барои тоза кардани роҳу хиёбонҳо ва мавзеъҳои сераҳолии шаҳри Душанбе аз барф наздики 3500 нафар кормандони коммуналии пойтахт ва Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои шаҳри Душанбе фаъолият доранд, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо бо роҳи тозакунӣ ва пошидани маводи зидди лағжиш (қум ва намак) сафарбар шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муроҷиатномаи худ аз сокинону меҳмонони пойтахт хоҳиш намудааст, ки дар рӯзҳои сарди зимистон, яъне аз 10 то 14 январи соли равон аз гаштугузори бемаврид худдорӣ карда, нақлиёти шахсии худро истифода набаранд. Дар муроҷиатнома ҳамзамон зикр шудааст, ки сокинон метавонанд аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода намуда, инчунин дар истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор бошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Tags: