Матлубахон Сатториён ҳайати Тоҷикистонро дар Форуми занони СҲШ дар Тошканд роҳбарӣ менамояд

ТВТ.19.08.2022. Тоҷикистонро дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд аъзои ҳукумат ва раҳбарони кумитаҳо таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршеда Қодир шомиланд.

Дар форум, ки пагоҳ, 19 август дар Тошканд оғоз мешавад, мавзӯъҳое, чун баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имконоти занон дар фазои ин созмон баррасӣ мешаванд.

Форум бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар самтҳои муҳимтарини ҳадафҳои рушди устувор ва табодули таҷриба гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки форуми навбатии занони кишварҳои узви СҲШ қаблан бояд дар Самарқанд баргузор мешуд, вале баъдан он ба пойтахти Узбекистон- шаҳри Тошканд кӯчонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки ба СҲШ Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон шомиланд. Кишварҳои нозири СҲШ: Афғонистон, Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ҳамчун узви комилҳуқуқ ариза пешниҳод кардааст), Эрон ва Муғулистон ва кишварҳои шарик: Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: