Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии ИМА мулоқот намуд

ТВТ. 28.09.2022.  27 сентябр дар Вашингтон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Энтони Блинкен баргузор гардид. Дар ин бора  дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкории амниятӣ баррасӣ карда, бобати истифодаи имконияти васеъ барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон баррасӣ гардида, зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир таъкид шуд ва доир ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози андеша сурат гирифт.

Инчунин ҷонибҳо аҳаммияти платформаи «С5+1» барои минтақа ва ҳолати кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Манбаъ: mfa.tj

Tags: