ТВТ. 13.06.2022. 9 июн дар шаҳри Боку даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайатҳои тарафҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон Содиқ Имомӣ ва Халаф Халафов роҳбарӣ карданд.
Зимни машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт ва фарҳанг ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гузашта аз ин, роҷеъ ба таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи созанда сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҷараёни иҷрои тадбирҳои марбут ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баррасӣ намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»